Сентябр 29, 2018 09:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар зарурати густариши равобити Русия ва Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Русия бар зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни кишвараш ва Тоҷикистон таъкид кард.

Ба гузориши “Спутник”, Владимир Путин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (ИДМ) дар шаҳри Душанбе дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикистониаш, бо ибрози ризоият аз сатҳи феълии ҳамкориҳои ду кишвар, хостори густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба шуд.

Вай гуфт, мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли 2017 беш аз 35 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир Русия бештарин мизони муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро дорад ва шарики нахусти тиҷории Душанбе ба ҳисоб меояд.

Дар шаш моҳи нахусти имсол мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 469 миллиону 500 ҳазор доллар расид.

Ҳаҷми содирот аз Русия ба Тоҷикистон 448 миллиону 500 ҳазор доллар ва саҳми содироти Тоҷикистон ба Русия танҳо 21 миллион долларро ташкил медиҳад.

Мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар сол беш аз як миллиард доллар аст, ки тарафҳо талош доранд ин мизонро то сақфи ду миллиард доллар дар сол афзоиш диҳанд.

Нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар шаҳри Душанбе бо имзои 16 санади ҳамкорӣ рӯзи ҷумъа, 28 – уми сентябр ба поён расид.