Афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38390-Афзоиши_воридоти_мошин_ба_Тоҷикистон
Бо вуҷуди афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ, тақозо барои хариди ин васоил ҳамчунон пойин аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 29, 2018 06:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон

Бо вуҷуди афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ, тақозо барои хариди ин васоил ҳамчунон пойин аст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, тайи ин муддат ба маблағи 196 миллион доллар мошин ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл беш аз 76 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Тайи ҳашт моҳи соли 2017, ба маблағи 111 миллиону 500 ҳазор доллар мошин вориди Тоҷикистон шуда буд, аммо баррасиҳо нишон медиҳад, бо вуҷуди афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон тақозо барои хариди ин васоили ҳамлунақл пойин аст.

Акнун асосан мошинҳои саворӣ ва сабук ба Тоҷикистон аз Олмон ворид мешавад, ки дасти дувум ва аз лиҳози қимат низ посухгӯи бозори Тоҷикистон аст.

Комюнҳо ё мошини бориро тоҷикон аз Чин ворид мекунанд, ки мутобиқ бо шароити ҷодаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аст.

Бар асоси қонуни ҷадиди воридоти мошин ба Тоҷикистон, ки дар соли 2017 ба тасвиб расид, воридоти мошинҳое, ки то соли 2005 тавлид шудаанд, мамнуъ аст.

Ҳамчунин қаблан тоҷикҳо бо ворид кардани мошинҳои ҷадиди шоссебаланд (Jeep ё ҷип), ки боҷи гумрукии камтаре дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дошт, ин васоили нақлияро ба Қазоқистон содир мекарданд.

Аммо оморҳо нишон медиҳад, тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ содироти ин навъ мошинҳо аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 75 дарсад коҳиш ёфтааст.