Сентябр 29, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Шикояти як вакил аз раиси Иттиҳоди вакилони Тоҷикистон

Як вакили мудофеъ ва корманди ширкати хадамоти ҳуқуқии “Кафолат” (собиқ Сипар) аз раиси Иттиҳоди вакилони мудофеи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шикоят кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, хонум Ҳалолбӣ Назарова дар шикояти худ таъкид кардааст, Сайидбек Нуриддинов, вай ва ҳамкоронаш дар ширкати хадамоти ҳуқуқии “Кафолат” - ро ба ҳимоят аз Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам кардааст ва бояд дар додгоҳ посух диҳад.

Вай гуфтааст, раиси Иттиҳоди вакилони мудофеи Тоҷикистон ба далели доштани кина аз ӯ, ба мақомоти интизомии ин кишвар иттилоъ додааст, ки дар соли 2015 ширкати хадамоти ҳуқуқии “Кафолат” - ро ба маркази дифоъ аз Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ табдил кардаанд.

Назарова аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дархост кардааст, Сайидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди вакилони мудофеи Тоҷикистонро ба иттиҳоми тӯҳмат задан ба вай ва ҳамкоронаш маҳкум кунанд.

Хонум Ҳалолбӣ Назарова гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар ин додгоҳ, маблағи 200 ҳазор сомонӣ (муодили 21 ҳазор доллар) - ро, ки ҷуброни зарар номидааст, ба парваришгоҳи кӯдакони шаҳри Душанбе эҳдо хоҳад кард.

Аммо Сайидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди вакилони мудофеи Тоҷикистон низ аз хонум Назарова ба иттиҳоми хадша ворид кардан ба эътибори ин созмон шикоят карда ва хостори пардохти маблағи 300 ҳазор сомонӣ ба унвони хисорат шудааст.

Вай низ гуфтааст, дар сурати пирӯзӣ дар додгоҳ, ин маблағро ба парваришгоҳи кӯдакони шаҳри Душанбе эҳдо хоҳад кард.

Аммо Аҳмад Бобозода, раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гуфтааст, талоши вай барои кӯтоҳ омадани ин ду шокӣ аз ҳам ба ҷое нарасидааст.

Ин дар ҳолест, ки Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари байналмилалии “Ҳюман Райтс Вотч” таъкид кардааст, аз соли 2014 ҳафт вакили мудофеи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ба далели дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.