Маҳдудияти интиқоли барқ дар 23 минтақаи Тоҷикистон
(last modified Tue, 02 Oct 2018 05:30:19 GMT )
Октябр 02, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудияти интиқоли барқ дар 23 минтақаи Тоҷикистон

Ҳамзамон бо обгирии садди нерӯгоҳи дар ҳоли сохти «Роғун», дар 23 ноҳияи Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.

Ба гузориши сомонаи «Ахбор», ба ғайр аз вилояти Бадахшон, дар бақияи манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла вилоятҳои Хатлон ва Суғд танҳо субҳу шаб дар соатҳои мушаххас ба хонаҳои аҳолӣ барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯз сокинон барқ надоранд.

Интиқоли барқ акнун барои сокинони ноҳияҳои Ваҳдат ва Рашт дар рӯзи 30 – юми сентябр ба муддати ҳафт соат, Носири Хусрав ва Шаҳритӯс ҳафт соату 30 дақиқа, Файзобод, Ҳисор, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Тоҷикобод, Муъминобод ва Бохтар ҳашт соат, Зафаробод 8 соату 30 дақиқа, Хуросон ва Тавилдара 9 соат, Қумсангир, Нуробод ва Вахш 10 соат, Ашт, Ҷомӣ ва Панҷ байни 13 то 15 соат маҳдуд шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳатто дар шаҳри Роғун - маҳалли сохти нерӯгоҳи обии «Роғун» мардум дар ин рӯз танҳо 18 соат барқ доштаанд.

Мақомоти ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» мегӯянд, ки ба иллати обгирии садди нерӯгоҳи «Роғун» ва ба манзури баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар шонздаҳуми ноябри имсол, маҳдудияти интиқоли барқ ба бархе аз манотиқи ин кишвар ногузир аст.

Бар асоси ин гузориш, обгирии садди ин нерӯгоҳ, ки болотар аз нерӯгоҳи барқӣ –обии «Норак» воқеъ шудааст, коҳиши вуруди об ба садди нерӯгоҳи «Норак» ва зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқро боис мешавад.

Қаблан мудири ширкати итолиёии «Salini Impregilo”, муҷрии такмили тарҳи нерӯгоҳи обии «Роғун» гуфта буд, ки моҳи ноябри имсол нахустин турбинаи ин нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Дар маҷмуъ шаш турбина, ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар нерӯгоҳи обии «Роғун» насб хоҳад шуд, ки заминаи таъмини ниёзи Тоҷикистон ба барқ ва содироти он ба хориҷро фароҳам мекунад.