Октябр 02, 2018 12:09 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мансабдори пешини тоҷикистонӣ дар Русия ба иттиҳоми фасоди молӣ

Мақомоти амниятии Русия як мансабдори пешини тоҷикистониро ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои Русия, мақомоти амниятии ин кишвар ба тозагӣ Абдулмаҷид Ғафуров, яке аз фаъолони бахши хусусии муҳоҷирони тоҷик дар минтақаи Чувашистони Русияро боздошт карданд.

Гуфта мешавад, Абдулмаҷид Ғафуров дар гузашта раёсати умури бозҷӯии ҷиноии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон бар ӯҳда дошт.

Ӯ баъдан ба Русия муҳоҷират кард ва ба тиҷорат ва воситагарӣ машғул буд.

Аз ҷумла ширкатҳои таҳти моликияти ин мансабдори пешини тоҷик, ширкати фурӯши маводи ғизоии «Радуга» дар шаҳри Чибоксари, маркази ҷумҳурии худмухтори Чувашистони Русия аст.

Мақомоти қазоии Русия мегӯянд, Абдулмаҷид Ғафуров дастикам аз ду нафар шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон бо ваъдаи ҳалли мушкили ҳуқуқии онон ришва дарёфт кардааст.

Ин мақомот мегӯянд, эҳтимол дорад ин фаъоли иқтисодии муҳоҷири тоҷик дар тахаллуфоти дигаре низ дар қаламрави Русия даст дошта бошад.

То пеш аз боздошт Абдулмаҷид Ғафуров масъулияти раҳбарии Ҷамъияти тоҷикони Чувашистонро низ бар ӯҳда дошт.