Октябр 02, 2018 13:29 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои рушди бахши хусусии Тоҷикистон

Рӯзи 15 –уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии бахши хусусӣ бо суханронии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», монеаҳои рушди бахши хусусии Тоҷикистон яке аз мавзӯҳои муҳим дар ин нишаст хоҳад буд, ки солҳои зиёде дар мавриди он гуфтугӯ мешавад.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 2017 маркази пажӯҳишии мактаби олии иқтисодии Русия дар бораи мушкилоти бахши хусусии Тоҷикистон таҳқиқе анҷом дод, ки натоиҷи он баёнгари монеаҳои умдаи рушди ин бахш дар Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷумлаи ин маворид метавон ба вогузории шитобзадаи марокизи тавлидӣ ба бархе фаъолони бахши хусусӣ, ки тахассуси лозимро надоштанд, вомҳои банкӣ бо суди бисёр боло ва муддати кӯтоҳи бозпардохт, молиёти сангин ва таҳқиқу санҷиши даҳҳо ниҳоди давлатӣ, ки заминасози фасоди молӣ ва ришвахорӣ мешавад, ишора кард.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон дар ҳоле ба корхонаҳои муштарак имтиёзи тахфифи молиётӣ дода мешавад, ки дигар фаъолони бахши хусусӣ аз чунин тадбирҳои ташвиқӣ маҳрум мебошанд.

Аз сӯйи дигар, ба далели сангин будани мизони молиёт теъдоде аз фаъолони бахши хусусӣ тарҷеҳ медиҳанд аз пардохти молиёт фирор кунанд ва ё бо табонӣ (восита ё ба русӣ криша) бо мақомоти масъули молиётӣ мизони даромади худро камтар нишон диҳанд ва бо додани ришва аз ин шароити ногувор раҳоӣ ёбанд.

Маҷмӯи ин омилҳо боис шуда, ки дар соли 2017 наздик ба 30 ҳазор нафар аз фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон муҷаввизи худро пас диҳанд ва даст аз кор бардоранд.

Сомонаи «Азия плюс» бо баршумурдани ин маворид таъкид кардааст, ки бо вуҷуди шиорҳои мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон, дар бораи ҳимоят аз бахши хусусӣ дар солҳои ахир, аксар аз қонунҳо ва муқаррароти марбут ба ин бахш дар ин кишвар танҳо рӯйи коғаз боқӣ мемонад ва ба марҳилаи амал намерасад.