Октябр 02, 2018 17:54 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 15 дарсадии нархи барқ дар Тоҷикистон

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, аз 1 ноябр нархи нирӯи барқ барои аҳолӣ 15 дарсад боло бурда мешавад.

Ба нақл аз Форс, аз моҳи оянда аҳолӣ барои ҳар киловатт-соат нирӯи барқ ба ҷои 16,85 дирам 19,37 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин 2,3 маротиба қиматтар аз 8,28 дирам нархи боимтиёзест, ки ҳукумат дар мавсими тобистон барои Корхонаи металлургӣ муқаррар кардааст. Нархи барқ дар ҳоле боло бурда шуд, ки қарзи ширкати "Барқи Тоҷик” аз 15 миллиард сомонӣ убур карда, ин ширкатро дар ростои хатари варшикастагӣ қарор додааст.

Қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди тасдиқи тарифи нави нирӯи барқ рӯзи 25 сентябр имзо шудааст. Бар асоси ин қарор, аз 1 ноябр аҳолӣ барои ҳар киловатт-соат нирӯи барқ 19,37 дирам пардохт мекунад. Ин назар ба нархи кунунӣ – 16,85 дирам барои як киловатт – 15 дарсад бештар мебошад.

Бо қарори ҳукумат, корхонаҳои саноатӣ барои ҳар киловатт-соат нирӯи барқ бояд 47,13 дирам пардохт кунанд. Истисно танҳо ТАЛКО – корхонаи алюминсозии Тоҷикистон аст, ки тарифи нирӯи барқашро ҳукумат алоҳида муқаррар мекунад. ТАЛКО маъмулан назар ба корхонаҳои дигар ва ҳатто нисбат ба аҳолӣ бо нархи хеле арзонтар нирӯи барқ мегирад.

Дар қарори ҳукумат боз як корхона – Комбинати металлургии Тоҷикистон, ки ба сохторҳои ширкати "Фароз”-и домоди президент Шамсулло Соҳибов марбут аст, ба рӯйхати корхонаҳои имтиёздор аз нархи нирӯи барқ шомил карда шудааст. Корхонаи металлургӣ дар мавсими сармо – аз 1 октябр то 30 апрел – барои нирӯи барқ мисли корхонаҳои дигар 47,13 дирам пардохт мекунад, вале дар фасли гармо – аз 1 май то 30 сентябр – барои як киловатт-соат нирӯи барқ ҳамагӣ 8,28 дирам пардохт хоҳад кард.

Ҳамин тавр, насосҳои обкашӣ дар тобистон нирӯи барқро бо нархи ҳамагӣ 6,73 дирам ба даст оварда, дар зимистон барои он мисли аҳолӣ ва троллейбусҳо 19,37 дирам хоҳанд пардохт.