Октябр 06, 2018 15:48 Asia/Dushanbe
  • Баррасии дурнамои равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе

Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Юн Кон Ҳаён, муовини Вазорати умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҳам дидор ва дар бораи дурнамои ҳамкорӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Тарафайн тайи ин дидор бар нақши муҳими комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, амалӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ таъкид карданд.

Фаъолияти ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ” дар заминаи тавсеаи таомулоти чандҷонибаи минтақаӣ мавриди таваҷҷуҳи вижаи тарафайн қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масоили марбут ба ҷазби сармоягузориҳои Кореяи Ҷанубӣ ва фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд.