Октябр 07, 2018 13:04 Asia/Dushanbe
  • Талоши раиси вилояти Бадахшон барои ҷазби кумаки Бонки Ҷаҳонӣ

Раиси тозамансубшудаи вилояти Бадахшон барои ҷазби кумаки 57 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ бо намояндагони ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Хоруғ музокира кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Нилуфар Асламшоева сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ин кумаки молӣ бештар барои тарҳҳои корофаринӣ дар миёни занон дар вилояти Бадахшон ҳазина хоҳад шуд.

Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон бо баён инки дар ин вилоят омори бекорӣ дар миёни занон боло аст, афзуд: Пас аз ҷазби ин кумаки молӣ, тарҳҳои зербиноии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барномаҳои муртабит бо рушди гардишгарӣ, эҷоди коргоҳҳои хурд ва тарҳҳои тиҷорати марзӣ бо Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки аз сӯи бонувони Бадахшон ироа мешаванд, дар авлавият хоҳанд буд.

Нилуфар Асламшоева гуфтааст, ки авлавияти дарёфти ин кумаки молӣ бештар бо бонувони сарпарасти хонавода ва занони бесарпараст хоҳад буд.