Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Душанбе ва Деҳлии Нав
(last modified Mon, 08 Oct 2018 13:48:29 GMT )
Октябр 08, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни Душанбе ва Деҳлии Нав

Мақомоти Тоҷикистон ва Ҳинд 10 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рам Натҳ Ковинд, раисиҷумҳури Ҳинд дар чорчӯби сафари 3 рӯзаи худ ба Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар поёни ин дидор, ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Ҳинд 10 санади ҷадиди ҳамкорӣ дар заминаҳои истифода аз фанновариҳои фазоӣ, мудирияти балоҳои табиӣ, энержии таҷдидшавнда, пажӯҳишҳои пизишкӣ, кишоварзӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор гуфт, Тоҷикистон ба таъмиқ ва густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Ҳинд, алоқаманд аст ва имконоти лозимро дар ин замина фароҳам мекунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди манобеи ғании табиӣ дар кишвараш тасреҳ кард, ҳузури фаъоли сармоя ва фанновариҳои Ҳинд дар ин кишвар, зарурӣ аст ва эҷоди корхонаҳо ва ширкатҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф ба хусус санъат, маъдан, энержӣ, дорусозӣ ва беҳдошт мунҷар ба иртиқои сатҳи таомулот ва ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад шуд.

Ду тараф дар ин нишаст бо ибрози ризоят аз ҳамчунин аз сатҳи ҳамкориҳои амниятӣ ва дифоӣ, ташдиди иқдомоти муштарак алайҳ ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва соири ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллиро зарурӣ унвон карданд.