Октябр 08, 2018 20:52 Asia/Dushanbe
  • 5 сол зиндон барои писари вазири собиқи саноати Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ва ҳамдастонашро ба иттиҳоми лату куби як маъмури пулис ба 5 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи CA News, Диловар Гулов ва чаҳор ҳамдасташ шаби ҳаштуми июли имсол бо корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон даргир шуданд ва Дилшод Назруллозода, афсари ин ниҳодро лату куб ва захмӣ карданд.

Дилшод Нарзуллозода пас аз ин ҳодиса, муддате дар бахши мағзу аъсоби бемористони Қаряи Болои шаҳри Душанбе таҳти муроқибатҳои вижа қарор дошт.

Гуфта мешавад, ки ду нафар аз ҳамдастони писари вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, ки дар лату куби Дилшод Назруллозода нақш доштаанд, варзишкор будаанд.

Қаблан низ Диловар Гулов ба иттиҳоми авбошӣ аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Душанбе боздошт шуда буд, ки бо пардохти ҷаримаи молӣ ва кори иҷборӣ озод шуд.

Ашраф Гулов бародари бузурги Диловар Гулов, яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки солҳои зиёде консули Тоҷикистон дар сафорати Русия будааст.