Содироти 3 миллиард киловатт соат барқи Тоҷикистон аз тариқи КАСА-1000
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38637-Содироти_3_миллиард_киловатт_соат_барқи_Тоҷикистон_аз_тариқи_КАСА_1000
Мақомоти вазорати энергети ва захираҳои оби Тоҷикистон аз тавони ин кишвар барои содироти солона 3 миллиард киловатт соат барқ аз тариқи хати КАСА-1000 ба Афғонистон ва Покистон хабар доданд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 09, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Содироти 3 миллиард киловатт соат барқи Тоҷикистон аз тариқи КАСА-1000

Мақомоти вазорати энергети ва захираҳои оби Тоҷикистон аз тавони ин кишвар барои содироти солона 3 миллиард киловатт соат барқ аз тариқи хати КАСА-1000 ба Афғонистон ва Покистон хабар доданд.  

Ба нақл аз  Тоҷикта, дар маҷмуъ аз ин хатт ба Афғонистон ва Покистон 5 миллиард киловатт соат барқ мунтақил хоҳад шуд, ки 3 миллиард киловатт соат саҳми Тоҷикистон ва 2 миллиард киловатт соат саҳми Қирғизистон аст.

Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби содироти ин мизон барқ ба Афғонистон ва Покистон солона 150 миллион доллар даромад ба даст оварад.

Душанбе умедвор аст, ки барои транзити барқи Қирғизистон аз қаламрави хеш низ даромад касб кунад.

Бар асоси тавофуқи кишварҳо ва ниҳодҳои молии ширкаткунанда дар КАСА-1000, қиммати ҳар киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон 9,3 сент хоҳад буд.

Ин тарҳ шабакаи энержии Тоҷикистонро ба шабакаи энержии кишварҳои дигар муттасил ва имкони содироти барқи изофии ин кишвар дар фасли тобистонро фароҳам мекунад.