Октябр 10, 2018 14:00 Asia/Dushanbe
  • Футболистҳои ҷавони тоҷик роҳии Индонезия шуданд

Тими мунтахаби футболи ҷавонони зери 19 соли Тоҷикистон ба манзури касби омодагӣ барои бозиҳои ниҳоии олимпии Осиё - 2018 ба Индонезия сафар карданд.

Ба гузориши “Ховар”, мусобиқоти Осиё - 2018 аз 18 – уми октябр то 4 – уми ноябр дар Индонезия баргузор мешавад.

Ҷавонони футболисти тоҷик бо сармураббигарии Мубин Эргашев дар гурӯҳи “D” – и ин мусобиқот, бистуми октябр бо тими мунтахаби Чин ва бистусевуми октябр бо Малайзия ва бистушашуми октябр бо Арабистон дидор хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Патриот Сандрабага” - и шаҳри Бекаси Индонезия баргузор мешавад.