Вуруди меҳмонони иҷлоси СҲШ ба Душанбе
Нахуствазири Чин, раиси иҷроии Афғонистон ва вазири хориҷаи Покистон барои ширкат дар Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), вориди шаҳри Душанбе шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Син Хуа, Ли Кетсян, нахуствазири Чин ба даъвати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон барои ширкат дар 17-умин иҷлоси нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Душанбе шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ рӯзи панҷшанбе дар садри як ҳайати баландпояи давлатиӣ, шомили Салоҳиддин Рабонӣ, вазири умури хориҷа ва теъдоде аз масъулони ҳукуматии Афғонистон вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ҳамчунин Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе ба Душанбе рафт.
Муҳаммад Файсал, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, Қурайшӣ ба намояндагӣ аз Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар иҷлоси Шанхай ширкат хоҳад кард.
Иҷлоси нахуствазирони Созмони Ҳамкории Шанхай қарор аст, рӯзҳои 11 ва 12 октябр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.
Созмони Ҳамкории Шанхай 15 июни 2001 дар Шанхайи Чин бо ҳузури Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин таъсис шуд.
Ҳиндустон ва Покистон дар соли 2017 ба аъзои доимии Созмони Ҳамкории Шанхай пайвастанд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозир ва Туркия, Шри-Ланка, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа низ шарики гуфтугӯ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.