Эътирози муштариёни “Тоҷиксодиротбонк”
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38698-Эътирози_муштариёни_Тоҷиксодиротбонк
Як гурӯҳ аз муштариёни бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” бо таҷаммуъ муқобили сохтмони марказии ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Душанбе, дарёфти пулҳояшонро, ки 3 сол аст наметавонанд дарёфт кунанд, хостор шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 13, 2018 06:23 Asia/Dushanbe
  • Эътирози муштариёни “Тоҷиксодиротбонк”

Як гурӯҳ аз муштариёни бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” бо таҷаммуъ муқобили сохтмони марказии ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Душанбе, дарёфти пулҳояшонро, ки 3 сол аст наметавонанд дарёфт кунанд, хостор шуданд.

Ба гузориши сомонаи Осиёи Марказӣ, даҳҳо нафар аз муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” бо таҷаммуъ дар баробари сохтмони марказии ин ниҳоди молӣ дар шаҳри Душанбе, эътирози худро ба пардохт нашудани маблағҳои хеш иброз карданд.

Сергей Бабиков, яке аз муштариёни ин бонк гуфтааст, ки чанд сол қабл маблағи 140 ҳазор доллари худро ба унвони амонат дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта, аммо акнун 3 сол аст наметавонад пули худро пас бигирад. Ба вай гуфтаанд, ки рӯз дар миён метавонад танҳо 200 сомонӣ дарёфт кунад.

Хонум Барно Имомова, сокини ноҳияи Фархор дар минтақаи Кӯлоб низ 3 сол қабл хонаи худро ба маблағи 30 ҳазор доллар фурӯхта ва ин маблағро дар “Тоҷиксодиротбонк” ба амонат гузоштааст, аммо акнун барои дарёфти пули худ ба далели баста шудани шуъбаи ин бонк дар маҳалли сукунаташ дар шаҳри Душанбе саргардон аст.

Буҳрон дар “Тоҷиксодиротбонк” аз 3 соли қабл ба далели коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия оғоз шуд, ки чанд ниҳоди молии Тоҷикистон акнун наметавонанд маблағҳои муштариёни худро пардохт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳайати эъзомии Сандуқи Байналмилалии Пул дар музокира бо мақомоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” –и ин кишварро варшикаст эълом кунад ва ба фикри бекор кардани иҷозатномаи фаъолият ин ду ниҳоди молӣ ва низ ислоҳот дар низоми бонкии ин ҷумҳурӣ бошад.

Дар пайи бурузи буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар соли 2015 ва нотавонии бонкҳо дар бозпардохти талаби муштариён, фаъолияти ду бонки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қатъ ва ду бонки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ бо мушкили мушобеҳ рӯбарӯ шуданд.