Октябр 14, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои мудофеи ҳуқуқ башар барои истирдод накардани футболисти ришдори тоҷик

Се созмони мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ аз Беларус дархост кардаанд, ки Парвиз Турсунов футболисти тоҷикистонии боздоштшуда дар ин кишварро ба Тоҷикистон таҳвил надиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, созмонҳои Human Rights Watch, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо ирсоли номае ба додситонии кулли Беларус хостори худдории ин ниҳод аз истирдоди Парвиз Турсунов футболисти тоҷикистонӣ шуданд, ки ба далели доштани риш кишварашро тарк карда ва таҳти пайгард буда, ки рӯзи 18 сентябри имсол дар марзи Беларус ба Полша боздошт шуд.

Ин 3 созмон мӯътақиданд, ки ки дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, Парвиз Турсунов метавонад таҳти шиканҷа қарор гирад.

Наздикони Турсунов гуфтаанд, ки мақомот додситонии Тоҷикистон вайро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи салафия таҳти пайгард қарор додаанд.

Ин футболисти тоҷикистонӣ қасд доштааст бо убур аз марзи Беларус - Полша ва вуруд ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо паноҳандагӣ касб кунад.

Ҳашт сол пеш федератсияи футболи Тоҷикистон аз Парвиз Турсунов, ки футболисти бошгоҳи Хайри ноҳияи Ваҳдат буд, хост риши худро битарошад, аммо вай гуфта буд, ки футбол кори дунё ва риши суннати Паёмбари бузурги Ислом аст.

Вай дар пайи афзоиши фишорҳо маҷбур шуд бо хонаводааш Тоҷикистонро тарк кунад.