Октябр 15, 2018 10:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистони дар Русия

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия байни зодагони Тоҷикистону Доғистон занозании хунин рух додааст.

Ба нақл аз Ахбор, дар натиҷа як ҷавони 21-сола аз Доғистон аз зарбаи корд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як марди 45-сола аз ин ҷумҳурии Русияро бо ҷароҳатҳои миёна ба бемористон бурдаанд.

Шоми 11 октябр, соати тақрибан 20, ин ду гуруҳи зодагони Тоҷикистону Доғистон дар назди бинои рақами 35-уми кӯчаи Восстания ҷамъ мешаванд. Баҳси онҳо хеле зуд ба занозанӣ печид ва ҷавонони тоҷик бо таҳдиди корд доғистониҳоро маҷбур ба фирор карданд.

Тоҷикҳо дар буриши кӯчаҳои Радишев ва Некрасов доғистониҳоро дарёб карда, корд задаанд.

Пулиси Петербург мегӯяд, 2 тан аз иштироккунандагони ин занозании хунинро дастгир кардааст.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми куштор ва расондани осеби вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.