Октябр 15, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Интишори паёмҳо дар остонаи поёни зарбулаҷал ба гурӯҳҳои ҷиноӣ дар Бадахшон

Рӯзи 15 октябр як моҳ фурсате, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани тартибот дар вилояти Бадахшон дод, ба поён мерасад.

Ба нақл аз Топ Ти Ҷей, қабл аз анҷоми ин зарбулаҷал, ситоди байниидоравии таъмини амният дар Бадахшон ҳушдор дод, ки агар то 15 октябр силоҳҳо то охир супурда нашаванд, "чораҳои бетаъхир” хоҳанд андешид. Ҳоло тамоми сокинон мунтазири рӯзи анҷоми ин зарбулаҷаланд, ки оё баъди он чӣ хоҳад шуд.

Буҳрони нав дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 15 сентябр, дар охирин рӯзи сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа рӯ зад. Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ҷамъбастӣ бо фаъолон ва роҳбарони Бадахшон башиддат аз вазъи ҷиноӣ дар ин вилоят интиқод кард ва роҳбарони Бадахшонро айбдор кард, ки зӯрашон барои саришта кардани "се-чор ҷинояткор” намерасад.

Ин интиқоди тунд дар пайи сарусадоҳои бархоста дар бораи латукӯби раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва шаҳрдори Хоруғ аз ҷониби лидерҳои маҳаллӣ буд, ки сабаби қаҳру хашми раисиҷумҳур шуд. Президент барои барқарор кардани тартибот дар вилоят як моҳ фурсат дод ва гуфт, касе аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, вазифаро холӣ кунад. Ӯ гуфт, барои ин метавонанд ҳатто аз қувваҳои мусаллаҳ низ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фармон дод, то нирӯҳои иловагие, ки барои таъмини амнияти сафари ӯ ба Бадахшон партофта шуданд, то барқарор кардани тартибот дар инҷо бимонанд: "Ман супориш додам, дуюм бор такрор намекунам. Шумо бинед, чораҷӯӣ кунед! Тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад!”

То имрӯз дар Хоруғ 136 мил силоҳи оташфишон, аз ҷумла 57 Калашников, 2 пулемёт, 2 гулӯлаандоз (гранатомёт) як комплекси зенитӣ, 27 таппонча, 8 карабин, 29 силоҳи суфтамили ТОЗ, 1 силоҳи хориҷӣ, инчунин 2686 тир ва ним кило маводи тарканда мусодира шудааст.

Аз 21 ҷинояткори таҳти ҷустуҷӯ, бино ба ин изҳорот, 11 нафараш худро ба мақомот супурдаанд.