Октябр 16, 2018 10:36 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани тадобири амниятӣ дар шаҳри Хоруғ ва дархости сокинони вилояти Бадахшон

Мақомоти вилояти Бадахшон бо таъйиди сахттар шудани тадобири амниятӣ дар шаҳри Хоруғ гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин барнома, иҷрои фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи барқарории назму амнияти умумӣ дар Бадахшон аст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин мақомот эълом кардаанд, ки афзоиши теъдоди ист ва бозрасиҳо дар шаҳри Хоруғ, бо ҳадафи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буда ва набояд бо интишори овозаи оғози амалиёти низомӣ зеҳнҳои умумиро мағшуш кард.

Аз сӯйи дигар, Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки рӯзи сешанбеи 16 – уми октябр дар нишасти мақомоти ҳукумати марказӣ ва намояндагони Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ натоиҷи як моҳ иқдомоти анҷомшуда дар ин замина мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Вай таъкид кардааст, ки ҳеҷ барномае барои истифода аз нерӯи низомӣ бо ҳадафи барқарории назму амнияти умумт дар вилояти Бадахшон вуҷуд надорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон понздаҳуми сентябр дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон, ба вазири умури дохила ва раиси Қумитаи давлатии амнияти миллӣ як моҳ фурсат дода буд то назму амнияти умумиро дар вилояти Бадахшон барқарор кунанд.

Ба ин манзур аз Душанбе нерӯҳои вижае ба вилояти Бадахшон фиристода шуданд то дар ин тарҳ ба мақомоти интизомӣ ва амниятӣ кумак кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳ аз сокинони вилояти Бадахшон бо интишори баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон хостаанд, ки дар мавриди фаъолияти Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа иттилоърасонии шаффоф шавад ва мушорикати созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои хабарӣ барои пӯшиши ин иқдомот таъмин гардад.

Онон мурооти қонун ва поён додан ба таблиғоти муғризонаи расонаиро, ки сокинони вилояти Бадахшонро афроди мусаллаҳ ва қочоқчиёни маводи мухаддир муаррифӣ мекунанд, хостор шудаанд.