Октябр 16, 2018 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи тозамансубшудаи гумруки Тоҷикистон даргузашт

Манобеи хабарӣ аз даргузашти сухангӯи тозамансубшудаи Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Фахриддин Собирови 51 сола, ки як ҳафтаи қабл ба симати сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон мансуб шуда буд, бар асари фишори хуни боло дар бемористони Қаряи болои шаҳри Душанбе даргузашт.

Номи вай дар ҳоле расонаӣ шуд, ки теъдоде аз хабаргузориҳо аз мавриди латукӯб қарор гирифтани сухангӯи тозамансубшудаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ахборе мунташир карда буданд.

Бо ин ҳол раёсати идораи полиси шаҳри Душанбе дар баёнияе бо радди ин хабар таъкид кардааст, ки Фахриддин Собиров бо эҳсоси бадҳол шудан аз нишасти раёсати Хадамоти гумруки Тоҷикистон берун меояд ва дар маркази пойтахт, дар наздикии сохтмони шабакаи телевизионии “Сафина” аз ҳуш меравад.

Бар асоси ин баёния, мардум билофосила ёрии таъҷилиро хабар мекунанд ва Фахриддин Собиров ба бемористони Қаряи болои шаҳри Душанбе мунтақил мешавад.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ҳангоми интиқоли сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба ин маркази дармонӣ, фишори вай болои 220 дараҷа буд ва талоши дурӯзаи пизишкон барои наҷоти ӯ ба ҷое нарасид.

Раёсати идораи полиси шаҳри Душанбе аз расонаҳои хабарӣ хостааст, ки аз интишори ахбори беасос ва эҷоди ташвиш дар зеҳнҳои умумӣ худдорӣ кунанд.