Октябр 17, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • “Дар вилояти Бадахшон амалиёти низомӣ анҷом намешавад”

Раиси вилояти Бадахшон гуфт, ки барои барқарории назму амнияти умумӣ дар қаламрави ин минтақа амалиёти низомӣ анҷом нахоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон пас аз баргузории нишасти чаҳорсоатии Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят гуфт, ниёзе ба анҷоми амалиёти низомӣ дар Бадахшон вуҷуд надорад.

Ҷаласаи Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ ба баррасии натоиҷи фаъолияти якмоҳаи ин ситод дар заминаи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва поён додан ба фаъолияти қочоқчиёни маводи мухаддир ихтисос дошт.

Файзов таъкид кард, ки теъдоде силоҳ дар дасти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ вуҷуд дорад, ки қарор шудааст довталабона ин силоҳҳоро таҳвили мақомоти амниятӣ ва интизомӣ диҳанд.

Ба гуфтаи раиси вилояти Бадахшон дар дасти мардуми ин вилоят аслиҳа вуҷуд надорад ва танҳо дархости мақомот аз сокинон ин аст, ки нагузоранд фарзандонашон шомили гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ шаванд.

Вай бо баршумурдани зарфиятҳои иқтисодӣ ва энержӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Бадахшон, ки муҷиби вуруди теъдоди зиёде аз ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақа шудааст, бар зарурати ҳифзи амният ва оромиш ҳамчун омили муҳими рушд ва пешрафти вилояти Бадахшон таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон понздаҳуми сентябр дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон, ба вазири умури дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як моҳ фурсат дода буд то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.