Октябр 17, 2018 12:11 Asia/Dushanbe
  • Омори Колоколтсев аз мизони ҷурму ҷинояти тоҷикистониҳо дар Русия

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Русия, тоҷикистониҳо ҳамасола муртакиби ҳудуди шаш ҳазор мавриди ҷурму ҷинояти мухталиф дар Русия мешаванд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, генерал Владимир Колоколтсев дар нишасти солонаи вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола муртакиби шаш ҳазор мавриди ҷурму ҷиноят дар Русия мешаванд ва беш аз ҳафт ҳазору 500 нафар аз онон низ ба доми фиреби қаллобону кулоҳбардорон меафтанд.

Вазири дохилии Русия муҳоҷирати ғайриқобили контролро омили фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар кишвараш унвон кард, ки ба мушкили ҷиддӣ барои Вазорати умури дохилии Русия табдил шудааст.

Ба гуфтаи Колоколтсев, ҳар севумин коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия муқаррароти иқомат дар ин кишварро нақз мекунад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ дар ин нишаст аз табодули иттилоот миёни ин ниҳод бо ҳамтоёни русиаш ибрози ризоият кардааст.

Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи нахусти соли 2018 дар Тоҷикистон маҳалли пинҳон шудани 286 шаҳрванди Русия, ки дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ буданд, шиносоӣ шудааст.

Ҳамчунин Раҳимзода афзудааст, бо кумаки кормандони Вазорати дохилӣ дар  Русия 180 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар кишвари хеш таҳти пайгарди қазоӣ буданд, шиносоӣ ва 124 нафар аз онон ба Душанбе истирдод шудаанд.

 Дар нишасти солонаи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия барномаи ҳамкории ин ду ниҳод барои соли 2019 тасвиб шуд.