Ҳафтаи оянда оғози додгоҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38827-Ҳафтаи_оянда_оғози_додгоҳи_муҳоҷимон_ба_гардишгарони_хориҷӣ_дар_Тоҷикистон
Манобеи додгоҳӣ дар Тоҷикистон оғози додгоҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро ҳафтаи оянда эълом кардаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2018 12:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи оянда оғози додгоҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Манобеи додгоҳӣ дар Тоҷикистон оғози додгоҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро ҳафтаи оянда эълом кардаанд.

Як манбаъ дар сохтори додгоҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтааст, ин парванда, ки шомилии аъмоли ҷиноии 17 нафар мешавад, аз додситонии кулл ба додгоҳи олӣ ирсол шуда ва ҳамакнун мароҳили баррасиро тай мекунад.

Ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ 29 июл рух дод ва муҷиби марги чаҳор нафар аз шаҳрвандони Нидерланд, Амрико ва Швейтсария шуд.

Аз миёни 17 нафари ёдшуда, Ҳусайн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи муҳоҷимон ва бақия афроде ҳастанд, ки ё бо муҳоҷимон ҳамкорӣ доштанд ё аз ин тарҳи террористӣ огоҳ буданд, вале ба мақомот иттилоъ надоданд.

Дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ пас аз ҳодисаи 29 июл шуморе аз гумонбарон дар даст доштан дар ин моҷарои террористӣ кушта шуданд.