Тааҷҷуби тоҷикҳо аз парастиши шахсияти раиси ҷумҳурии Туркманистон
(last modified Fri, 19 Oct 2018 12:01:55 GMT )
Октябр 19, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Тааҷҷуби тоҷикҳо аз парастиши шахсияти раиси ҷумҳурии Туркманистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз барномаҳои вижаи рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон боздид карданд, аз парастиши шахсияти раиси ҷумҳурии Туркманистон шигифтзада шудаанд.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, шаҳрвандони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ аз тамҷиди шаҳрвандони Туркманистон аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии ин кишвар ба шиддат ибрози тааҷҷуб кардаанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, дар Тоҷикистон низ аз Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ бисёр тамҷид мекунанд, аммо дар ин замина туркманҳо хеле пеш рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол намояндагони ҳайати Туркманистон дар сафар ба Тоҷикистон аз посух додан ба саволи хабарнигори бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар бораи мушкилоти иқтисодии ахир дар Туркманистон худдорӣ карда, таъкид доштанд, ки Туркманистон дар даврони саодат ва шукуфоӣ ба сар мебарад ва ҳеҷ гуна мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд надорад.

Ба навиштаи бахши туркмании радиои Озодӣ тақрибан тамоми намояндагони ҳайати Туркманистон дар барномаҳои вижаи рӯзҳои фарҳангии кишварашон дар Тоҷикистон ба тамҷид ва ситоиши Бердимуҳаммадов мепардохтанд. Аз ҷумла академики Туркаман Отаҷон Боронов дар ойини муаррифии китобҳои интишорёфта дар Туркманистон изҳор дошт, ки ктобҳои Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳадяе на фақат барои мардуми Туркманистон, балки барои мардуми саросари ҷаҳон аст.