Октябр 22, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Саҳми тоҷикон дар кишту бардошти пахта дар Арманистон

Кишоварзи тоҷик ва мутахассиси кишти пахта, ки барои кумак ба дӯсти арманистониаш ба ин кишвар рафтааст, пас аз бардошти маҳсули нахуст тасмим гирифт, ба муддати 2 соли дигар дар Арманистон бимонад ва дар рушду парвариши пахтаи ин кишвар саҳим шавад.

Ба нақл аз Спутник, Абдуллоҳи Хайруллоҳ ба даъвати дӯсти хеш Гагик Хачикян, ки барои бори нахуст кишти пахтаро дар Арманистон таҷруба кардааст, ба ин кишвар рафта ва Хачикян акнун аз мизони бардошти ин маҳсул шигифтзада шудааст.  

Пеш аз ин дар Арманистон кишти пахта собиқа надошт ва Гагик Хачикян пас аз 20 сол фаъолият дар пахтазорҳои Тоҷикистон соли 2015 тасмим гирифт, ки кишти ин маҳсулро дар кишвари хеш таҷруба кунад.