Рафтори номуносиби полиси Русия бо коргарони муҳоҷири хориҷӣ
(last modified Mon, 22 Oct 2018 05:09:35 GMT )
Октябр 22, 2018 10:09 Asia/Dushanbe
  • Рафтори номуносиби полиси Русия бо коргарони муҳоҷири хориҷӣ

Нашрияи "МК Тула” бо нашри аксҳои зиёд хабар дод, ки рӯзи 20 октябр нирӯҳои вижаи пулиси Русия ҳудуди 200 муҳоҷирро дар бозори марказии шаҳри Тула ва атрофи он дастгир ва мисли асирон қатор карданд.

Ба нақл аз сайти нашрияи "МК Тула”, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин рафтори пулиси Туларо ба Олмони фашистӣ шабоҳат дода, бисёриҳо навиштаанд, чунин паст задани шаъну шарафи муҳоҷирон обрӯи Русияро, ки худро ҷузъи кишварҳои мутамаддин мешуморад, ба замин мезанад.

Бино ба гузориши "МК Тула” – фарзияи маҳаллии нашрияи машҳури русии "МК” – рӯзи 20 октябр нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия аз соати даҳи субҳ як амалиёти бесобиқаи густарда ва тафтиши асноди муҳоҷиронро дар шаҳри Тула ба роҳ андохтанд.

Як гуруҳи бузурги нирӯҳои ОМОН ва Росгвардия дар майдони Хлебная барои тафтиши муҳоҷирон дар бозори марказии Тула фуруд омаданд. Тафтиши асноди муҳоҷирон ҳамчунин дар кӯчаҳои бо бозори марказӣ ҳамсояи Пирогов ва Каминский ба роҳ андохта шуд. Бисёре аз дӯкондорони бозори марказии Тула баъди вуруди нирӯҳои пулис маҷбур шуданд, дӯконҳои худро бубанданд, - хабар медиҳад хабарнигори "МК Тула”.

Дар аксҳое, ки "МК Тула” нашр кард, дида мешавад, ки нирӯҳои пулис муҳоҷирони боздоштшудаҳоро қатор карда, мебаранд. Нашрия менависад, то лаҳзае, ки гузориши онҳо омода мешуд, шумораи боздоштшудагон ба тақрибан 200 нафар расида буд, вале "қатори бузурги боздоштшудаҳо ҳар дақиқа бузургтару бузургтар мешуд.”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чунин шакл қатор кардани муҳоҷирони боздоштшударо бо рафтори мақомоти Олмони фашистӣ монанд карда, навиштаанд, ки маҳз дар Олмони фашистӣ асиронро ба чунин шакл қатор карда, аз кӯчаҳои шаҳр мегузаронданд. Ҳомиёни ҳуқуқ чунин рафтори пулиси Русия шармовар номида, навиштанд, ки Русия худро бахши ҷаҳони мутамаддин мешуморад, вале ин рафтори пулисаш ин иддаоро ботил карда ва обрӯи Русияро ба замин мезанад. Чунин рафтор нисбат ба муҳоҷирон ғайри қобили қабул аст, муҳоҷирон ҳам инсонанд! – навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқи худи Русия.