Оғози додгоҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳи № 1 – и шаҳри Душанбе муҳокимаи 17 фарди гумонбар ба ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷиро оғоз кард.
Ба гузориши сомонаи “СА – нюс”, бо вуҷуди эъломи қаблии мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон дар хусуси набудани муҳри сиррӣ дар ин парванда, муҳокимаи ин афрод, пушти дарҳои баста оғоз шуд ва танҳо вакилони мудофеи гумонбарон иҷозаи ҳузур дар ин додгоҳро ёфтанд.
Дар миёни муттаҳамон фақат Ҳусайн Абдусамадов, саркардаи гурӯҳи муҳоҷимон ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ин додгоҳ ҳузур дорад ва бақияи мазнунон афроде ҳастанд, ки ё бо муҳоҷимон ҳамкорӣ доштанд ё аз ин тарҳи террористӣ огоҳ буданд, вале ба мақомоти интизомӣ иттилоъ надодаанд.
Чаҳор муттаҳами аслии ин парванда, ки 29 июл бо ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, чаҳор нафар аз атбои кишварҳои Нидерландия, Амрико ва Швейтсарияро куштанд, ба дасти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон кушта шудаанд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори навори ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт.
Бо ин ҳол мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон афроди вобаста ба Ҳизби мамнуаи наҳзати исломиро дар ин ҳодиса муттаҳам карданд, ки масъулони ин ҳизб ин иддаоро беасос унвон кардаанд.