Маҳдудияти интиқоли барқ. Ҳақ бо чӣ касе аст: ҳукумат ё мардуми Тоҷикистон?
Ба далели идомаи баҳси шадид миёни ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз як сӯ ва мардуми Тоҷикистон аз сӯи дигар дар бораи вуҷуди маҳдудияти интиқоли барқ, хабаргузории “Азия плюс” дар шабакаи Фейсбук назари сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистонро дар ин маврид ҷӯё шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ҳоле ки мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз эъмоли маҳдудияти барқ шикоят мекунанд, мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо радди ин мавзуъ муддаиянд, ки камбуди интиқоли барқ сирфан ба далели тармими хутут ба вуҷуд омадааст.
Аммо дар пайи назарсанҷии хеш ин хабаргузорӣ эълом кард, ки дар наздик ба 30 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон мардум танҳо дар соатҳои муайян дар шабонарӯз барқ доранд, ки байни 6 то 8 соат ба хонаҳои онон мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳо бидуни барқ ҳастанд.
Интиқоли барқ акнун барои сокинони ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии атрофи шаҳри Душанбе дар рӯзи 23 –юми октябр ба 8 то 10 соат маҳдуд шудааст.
Ҳатто дар шаҳрҳои Бохтар, маркази вилояти Хатлон барқ аз соати 8 –и субҳ то 17 –и шомгоҳ мунтақил мешавад ва дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд низ ду рӯзи ахир ҷирабандӣ (маҳдудият) -и барқ оғоз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯяд, ки ба иллати обгирии садди нерӯгоҳи “Роғун” ва ба манзури баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти ин нерӯгоҳ дар шонздаҳуми ноябри имсол, маҳдудияти интиқоли барқ ба бархе аз манотиқи ин кишвар ногузир аст.
Бар асоси ин гузориш, обгирии садди ин нирӯгоҳ, ки болотар аз нирӯгоҳи обии “Норак” воқеъ шудааст, коҳиши вуруди об ба садди неругоҳи “Норак" ва зарурати эъмоли маҳдудияти интиқоли барқро сабаб мешавад.