Октябр 24, 2018 14:05 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти кудаки чаҳорсолаи тоҷик дар дохили ҳавопаймои Маскав-Душанбе

Як кудаки чаҳорсолаи тоҷикистонӣ шаби гузашта дар масири парвози Маскав-Душанбе дар дохили ҳавопаймо ҷон бохт.

Ба нақл аз манобеъи тоҷикӣ, масъули намояндагии ширкати "Ют Эйр" дар Душанбе рӯзи 24 октябр гуфтааст ҳоли ин кудак пас аз парвози ҳавопаймо аз шаҳри Маскав бад шудааст.

Вай афзуд: Ҳавопаймо маҷбур шуд ба хотири ҳоли номуносиби ин кудак дар фурудгоҳи шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом диҳад, аммо писарбачча қабл аз фуруд ҷон додааст.

Масъули ширкати "Ют Эйр" ҳамчунин гуфт ин кудак ба ҳамроҳи тағояш аз Маскав ба Душанбе сафар мекард ва ҳамакнун пайкараш дар Оренбург мондааст.

Иллати дақиқи даргузашти ин кудаки чаҳорсола ҳануз мушаххаст нест.