Октябр 24, 2018 14:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои осонсозии шароити муҳоҷирони корӣ дар Русия

Ҳайати муташаккил аз намояндагони парлумон ва вазирони Тоҷикистон ба раёсати раиси Маҷлиси Олии ин кишвар, ба манзури ширкат дар ҳамоиши “Русия – Тоҷикистон ва зарфияти ҳамкориҳои байниминтақаӣ” ба пойтахти Русия сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳайати муташаккил аз намояндагони парлумон ва вазирони Тоҷикистон таҳти раёсати Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Олии ин кишвар, ба манзури ширкат дар ҳамоиши “Русия – Тоҷикистон ва зарфияти ҳамкориҳои байниминтақаӣ” ба пойтахти Русия сафар кард.

Ин ҳамоиш рӯзҳои 24 то 26 –уми октябр дар шаҳри Маскав баргузор мешавад ва қарор аст зимни он дар бораи масоили марбут ба муҳоҷирони кории тоҷик, ба хусус пардохти маоши бознишастагии онон баҳсу баррасӣ шавад.

Наврӯз Қурбонзода, дастёри раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар умури кор бо расонаҳо ва созмонҳои ғайрирасмӣ дар ин замина гуфт, дар ин ҳамоиш қарор аст раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсия ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия мулоқоти дуҷониба анҷом диҳанд.

Дар ин ҳамоиш қарор аст намояндагони парлумон, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон суханронӣ кунанд.

Ҳамоииши байнипарлумонии Русия ва Тоҷикистон дар 12 соли ахир ҳар 2 сол як бор баргузор мешавад.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш ҳамчунин иҷлоси Комиссияи байнипарлумонӣ баргузор хоҳад шуд.