Октябр 27, 2018 12:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳи “Сангтӯда -1”

Қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба нерӯгоҳт “Сангтӯда -1” аз 106 миллион доллар фаро рафт.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, мудирияти нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” эълом кард, ки қарзи ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ба ин нерӯгоҳ аз 106 миллион доллар фаро рафтааст.

Ин нерӯгоҳ мутааҳҳид шудааст, ки дар соли 2018 ба шабакаи барқи Тоҷикистон 1 миллиарду 915 миллион киловатт соат барқ мунтақил кунад.

Аммо тайи моҳҳои январ то сентябри соли ҷорӣ тавлиди барқ дар нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1” ба 1 миллиарду 856 миллион киловатт соат расида, ки 503 миллион киловатт соат бештар аз барнома мебошад.

Нерӯгоҳи обии “Сангтӯда -1”, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 10 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад аз саҳми молии нерӯгоҳи обии “Сангтуда -1” - ро дар ихтиёр доранд.

Як нерӯгоҳ дар соли 2017 беш аз як миллиарду 849 миллион киловатт соат барқ тавлид кардааст.

Ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз замони баҳрабардорӣ аз он дар соли 2009, ба беш аз17 миллиард киловатт соат расидааст.