Октябр 27, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Табдили Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи саноатӣ ва кишоварзӣ кори сахте аст

Коршиноси Бонки Ҷаҳони муътақид аст, ки табдил кардани Тоҷикистон ба як кишвари пешрафтаи саноатӣ ва кишоварзӣ бар асоси Барномаи рушди роҳбурдии ин кишвар то соли 2030 кори сахте хоҳад буд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Вилям Сайтс гуфтааст, ки агар мақомоти Тоҷикистон воқеан ҳам мехоҳанд кишварашонро то соли 2030 ба мамлакати пешрафтаи саноатӣ ва кишоварзӣ табдил кунанд, дар ин замина бояд талошҳои зиёде ба харҷ диҳанд, зеро бар асоси охирин радабандии кишварҳои ҷаҳон аз нигоҳи рушди иқтисодӣ, ки Бонки Ҷаҳонӣ мунташир кард, Тоҷикистон дар мақоми 123 қарор дорад, ки ҷойгоҳи матлубе нест, аммо барои расидан ба ин муҳим бояд фазои касбу кор, заминаи ҷазби сармоягузорӣ, фаъолияти бахши хусусӣ, мизони молиёти дарёфтӣ, қарзҳои бонкӣ ва амсоли он ба таври бунёдин мавриди бознигарӣ қарор гирад.

Яке аз мавонеи умда дар роҳи фаъолияти бахши хусусӣ дар заминаи тиҷорат замони зиёде аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба манзури дарёфти муҷаввиз талаф мекунанд ва қонунҳои даступогири идорӣ низ мушкили ононро афзоиш медиҳад.

Давлати Тоҷикистон эълом кардааст, ки бо ироаи барномаи рушди роҳбурдии ин кишвар то соли 2030 ва табдили он ба мамлакати пешрафтаи саноатӣ ва кишоварзӣ қасд дорад маблағи 118 миллиард доллар ҳазина кунад, ки 50 дарсади он аз ҳисоби буҷа ва бақия низ манобеи бахши хусусӣ хоҳад буд.