Октябр 28, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Истамбули Туркия

Як шаҳрванд Тоҷикистон дар маҳаллаи Оқсаройи шаҳри Истамбули Туркия дар пайи тирандозӣ кушта шудааст.

Мақомоти пулиси Туркия эълом кардаанд, ки исми фарди кушташуда Фаррух Облоқулов шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки қотили вай низ тоҷикистонӣ аст.

Ин мақомот иллати куштори ин шаҳрванди Тоҷикистонро низоъ миёни 3 нафар аз тоҷикҳо унвон кардаанд, ки сабаби ҷон бохтани яке аз онон шуда ва акнун ин қазия дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки лаҳзаҳои даргирӣ ва куштори ин шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи дурбинҳои назоратӣ сабтшуда ва пулис дар ҳоли ҷустуҷуи қотил мебошад. Аммо ангеза ин даргирии хунин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Истамбули Туркия мушаххас нест.

Ба гузориш пулиси Истамбул, Фаррух Облоқулов ҳангоми интиқол ба бемористон бар асари шиддати ҷароҳат ҷони худро аз даст додааст.

 Дар бораи Фаррух Облоқулов, ки аз кадом минтақа Тоҷикистон аст ва дар Туркия чӣ кор мекард, иттилои зиёде дар даст нест.

Дар ҳоли ҳозир дар Туркия теъдоди зиёде аз шаҳрвандон Тоҷикистон дар бахшҳои тиҷорат ва хадамот фаъолият мекунанд ва аксари онон дар шаҳри Истамбул ҳастанд.