Теъдоди зиндониёни тоҷик дар зиндонҳои Русия зиёд аст
(last modified 2018-10-29T05:47:44+00:00 )
Октябр 29, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди зиндониёни тоҷик дар зиндонҳои Русия зиёд аст

Созмони федералии умури зиндонҳои Русия эълом кард, шумори зиёде аз шаҳрвандони тоҷик дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд.

Ба гузориши шабакаи "Телевизиони саросарии Русия", ҳамакнун дар зиндонҳои Русия 27 ҳазору 780 зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки беш аз ҳафт ҳазор нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, атбои Узбакистон, Озарбойҷону Тоҷикистон дар миёни шаҳрвандони кишварҳои ИДМ бештарин шумори зиндониёнро ташкил медиҳанд, ки бар мабнои таносуби ҷамъият ва теъдоди атбои ин се кишвар дар қаламрави Русия, шумори зиндониёни тоҷик бештар аст.

Чанде қабл генерал Владимир Колоколтсев, вазир кишвари Русия дар нишасти солонаи вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе гуфта буд, ки атбои Тоҷикистон ҳамасола ба таври миёнгин муртакиби шаш ҳазор ҷурму ҷиноят дар Русия мешаванд ва беш аз ҳафт ҳазору 500 нафар аз онон низ ба доми фиреби кулоҳбардорон меафтанд.

Ба гуфтаи мақомоти қазоии Русия, 90 дарсад аз шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар зиндонҳои ин кишвар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, қатл, иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ, дуздӣ ва ҷароими ахлоқӣ маҳкум шудаанд.