Октябр 29, 2018 22:31 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи ҳукми генерал Гадоев

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ки генерал Файзулло Гадоев, мудири пешин раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ин вазоратхона ба таври ғоибона ба зиндон маҳкум шудааст.  

Ба гузориши сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар пайи эъломи судури ҳукми 28 сол зиндон барои генерал Файзулло Гадоев ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир, ришва, сӯиистифода аз мақом ва пулшӯӣ, Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин ҳукм ғоибони содир шудааст.

Вай рӯзи сешанбе гуфт, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон аз маҳалли зиндагии ин генерал хабар надоранд ва акнун аз тариқи Пулиси байналмилал дар ҳоли ҷустуҷӯи Гадоев мебошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бархе сомонаҳо аз боздошти генерал Файзулло Гадоев дар қаламрави Узбакистон ва интиқоли вай ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Файзулло Гадоев аз соли 2002 то 2007, мудири идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 2007 ба сабаби интиқол ба мақоми дигар аз ин симмат канор гузошта шуд.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон 27 октябр иттилоъ дод, ки бо қарори додгоҳ, бар асоси банд 1-51 Қонуни ҷиноӣ, Гадоев аз унвони генерал ва ифтихорномаи ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон тибқи банди 5 Қонуни ҷиноӣ, Гадоевро муҷрим эълом ва ба 28 сол зиндон ва забти амвол ва дороӣ маҳкум кард.