Норавшанӣ дар омори шаҳрвандони зери хатти фақр дар Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақид аст, ки 20 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр ҳастанд, вале мақомоти ҳукуматӣ ин шохисро 27 дарсад медонанд.
Ба гузориши хабаргузори Осиёи Марказӣ, Уилиям Сейтз, иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки бар асоси тозатарин таҳқиқоти ин бонк, мизони фақр дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба 20 дарсад расидааст.
Ин иқтисоддон мӯътақид аст, афроде, ки дар рӯз камтар аз се доллар даромад доранд, бояд фақир шинохта шаванд, аммо Қиёмиддин Давлатзода, муовини мудири Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси муҳосиботи ҳукумати Душанбе, афроде, ки даромади онон дар рӯз камтар аз ду доллар бошад, фақир маҳсуб мешаванд ва бар мабнои ин шохис 27 дарсад ҷамъияти Тоҷикистон зери хатти фақр ҳастанд.
Бо ин ҳол теъдоде аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, маблағи 30 сомонӣ (муодил се доллару 30 сент) даромади рӯзона танҳо барои хариди маводи ғизоӣ мавриди ниёз ихонаводаҳои онон кифоят мекунад ва онон дар таъмини дигар эҳтиёҷот бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд.