Муаррифии зарфияти гардишгарии Тоҷикистон дар Олмон
(last modified Tue, 30 Oct 2018 13:53:14 GMT )
Октябр 30, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии зарфияти гардишгарии Тоҷикистон дар Олмон

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ҳузур дар ҳамоиши сайёҳии «Ҷодаи Абрешим» дастовардҳои гардишгарӣ ва фурсатҳои ҷазби сармоягузорӣ дар иқтисоди ин кишварро муаррифӣ кард.

Ба гузориши “Форс”, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо ҳузур дар ҳамоиши сайёҳии «Ҷодаи Абрешим» дастовардҳои гардишгарӣ ва фурсатҳои ҷазби сармоягузорӣ дар иқтисоди ин кишварро муаррифӣ карданд. Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки бо ибтикори ширкати туристии «Чайна турс» ва сафорати Чин дар Олмон баргузор шуд, дастовардҳо ва зарфияти ҷазби сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон низ ба намоиш гузошта шуд.

Тайи як нишаст бо ширкати намояндагони сафоратҳои кишварҳои Ҷодаи Абрешим, аз ҷумла Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси масоили марбут ба тавсеаи гардишгарии минтақаӣ, фурсатҳои ҳамкорӣ ва мушкилоти мавҷуд баҳс ва табодули назар сурат гирифт. Дар тӯли ин нишаст ҳамчунин ба саволоти намояндагони ширкатҳои туристӣ ва маҳофили алоқаманди кишвари мизбон дар мавриди вазъияти зерсохтҳои гардишгарӣ, муҳити зист ва имконоти эҷоди ширкатҳои гардишгарии муштарак посух дода шуд. Дар ҷараёни ин ҳамоиш ҳамчунин гӯшаи гардишгарии Тоҷикистон эҷод ва аз тариқи он ба ширкаткунандагони ин ҳамоиш маводи туристӣ, китобчаҳои мухталифи ҷозибаҳои гардишгарии ин кишвар ироа шуд.