Октябр 30, 2018 19:14 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими “Арбаин”-и Абоабдуллоҳ Алҳусейн дар Тоҷикистон

Маросими азодории шаби “Арбаин”-и сайид ва солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусейн ва ёрони бовафои эшон дар сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши  “Афрас”, маросими азодории шаби “Арбаин”-и саид ва солори шаҳидон, ҳазрати Имом Ҳусейн ва ёрони бовафои эшон дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури сафир, дипломатҳо, коркунони созмонҳои мустақар дар ин кишвар ва хонаводаҳои онон ва ҷамъе аз эрониёни муқим ва ошиқони аҳли байт баргузор шуд. Пас аз иқомаи намози ҷамоати мағриб ва қироати зиёрати ошуро, Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон зимни таслияти ин мусибати узмо аз фалсафаи азодории солори шаҳидон ва ҷойгоҳи зиёрати “Арбаин” ба табйини абъоди аҳамияти роҳпаймоии солонаи миллионҳо муштоқу шефтаи сайид ва солори шаҳидони олам дар “Арбаин”-и ҳусайнӣ пардохт. Ӯ аз роҳпаймоии солонаи “Арбаин” ба унвони яке аз бузургтарин ҳаракатҳои сулҳомез ва ҳақҷӯёнаи имрӯзи ҷаҳон ёд кард, ки дар он миллионҳо муштоқи ҳақталаб, зану мард ва хурду калон ба сурати худҷӯш ширкат мекунанд ва ҳама ин ҳаракати ошиқона ва ҳамосии мардум дар ҷуғрофиёе иттифоқ меафтад, ки дар маърази анвои таҳдидот қарор дорад.

Фағонӣ бо ёдоварии талошҳои густурда ва беамоне, ки аз садҳо сол пеш то кунун барои мамониат аз иқомаи азои ҳусайнӣ ва ҷилавгирӣ аз интиқоли паёми ҷовиди ошуро дар қолаби тахриби марқади шарифи он имом, буридани дасту пойи зоирони он ҳазрат, бомбгузориҳо... сурат гирифта, афзуд, ба фазли илоҳӣ рӯз ба рӯз бар шумор ва шуури ошиқону шефтагони ҳазраташ изофа шуда ва турбати поке, ки дар аввалин “Арбаин”-и ҳазраташ танҳо ду зоир дошт, акнун даҳҳо миллион зоир ва азодор дорад. Сафири Эрон ҳадафи ин азодориҳоро эъломи ҳамбстагӣ ва мутобеат аз паёми илоҳӣ ва наҳзати инсонсози ҳусейнӣ дониста гуфт, далели душмании мустакбирон ва язидёни замон бо он ва сукути маргбори расонаҳои ҷаҳонӣ дар қиболи ин воқеаи бузурги ҷаҳонӣ тарси онон аз фарогир шудани бештари паёми раҳоибахши наҳзати ҳусейнӣ аст.

Ин маросим бо марсияхонӣ ва сӯгвории шуҳадои ҷовиди Карбало идома ёфт ва бо дуои хайри ошиқони ҳусейнӣ барои касби тавфиқ дар табаият аз роҳи он имом ва пирӯзии ниҳои хун бар шамшер ба поён расид.