Тавофуқи Душанбе ва Ашқобод дар бораи сохти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон
Мақомоти зирабти Тоҷикистону Туркманистон дар бораи зарурати тасреи раванди сохти роҳи оҳане, ки Душанбе, Ашқобод ва Кобулро ба ҳам муттасил мекунад, тавофуқ карданд.
Сохти роҳи оҳани Туркманистон –Афғонистон – Тоҷикистон дар нишасти Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Душанбе ва Ашқобод баррасӣ шуд. Дар ин нишаст бар зарурати такмили роҳи оҳани Туркманистон –Афғонистон – Тоҷикистон бо ҳадафи баҳрабардории ба мавқеи он таъкид шуд.
Тавофуқнома дар заминаи сохти роҳи оҳане, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистонро ба ҳам муттасил мекунад, дар марти соли 2013 аз сӯйи раисҷумҳурҳои ин 3 кишвар ба имзо расида буд. Тоҷикистон бо истифода аз ин хат имкони дастёбӣ ба хутути рейлии байналмилалӣ бо давр задани Узбакистон, ки он замон мавонее барои транзити маҳмулаҳои ин кишвар эҷод мекард, ба даст меовард. Марҳалаи аввали ин роҳи оҳан аз шаҳри Отамуроди Туркманистон то шаҳристони Ақинаи Афғонистон дар авохири соли 2016 бо мушорикати раисҷумҳури ду кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аммо идомаи сохти ин роҳи муҳим ба далели адами амният дар шимоли Афғонистон ва пешниҳодоти тоҷикҳо барои коҳиши масири иттисоли он миёни Афғонистон ва ин кишвар мӯҷиби мутаваққиф шудани ин тарҳ шуд. Дар пайи ин мавзӯъ Бонки Рушди Осиё, ки масъулияти сармоягузорӣ дар бахши афғонии ин тарҳро бар уҳда дошт, ҳимояти молии онро мутаваққиф кард. Пеш аз ин Бонки Рушди Осиё 9 миллион доллар қарз ба манзур имконсанҷии ин роҳи оҳан ҳазина карда буд.
Масире, ки Тоҷикистон пешниҳод карда, 160 километрро ташкил медиҳад ва масири пешниҳодшуда тавассути давлати Афғонистон беш аз 500 километр буд, ки дар натиҷаи баҳсу гуфтугӯҳои тарафайн тавонистанд дар ин замина тавофуқ ва протоколи онро ба имзо расонанд. Ин санад барои имзо ба тарафи туркманӣ мунтақил шуда буд.