Ноябр 01, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди кор дар нерӯгоҳи “Роғун” барои ҷавонони бекори вилояти Бадахшон

Мақомоти вилояти Бадахшон ба ҷавонони бекори ин минтақа пешниҳод кардаанд, ки метавонанд дар нерӯгоҳи обии дар ҳоли сохти “Роғун”, Вазорати корҳои дохила, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба кор гирифта шаванд.

Ба гузориши сомонаи “СА-нюс”, хонум Назира Амирбекзода, муовини раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки барои 250 ҷавони бекори сокини ин минтақа дар нерӯгоҳи обии “Роғун”, Вазорати корҳои дохила, шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷойи кор пайдо кардаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар ин замина миёни генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон тавофуқ ҳосил шуда ва барои иштиғоли 250 ҷавони бекори вилояти Бадахшон кори муносиб бо маоши кофӣ пешниҳод мегардад. Барои 100 нафар аз ин афрод дар нерӯгоҳи обии дар дасти сохти “Роғун”, бахши нигаҳбонии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, 100 ҷойи кор дар шаҳри Душанбе ва 50 симмати омӯзгорӣ ва пизишкӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон барномарезӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Бадахшон, пас аз эъломи ин маврид акнун 90 нафар барои кор дар нерӯгоҳи обии дар дасти сохти “Роғун” ибрози омодагӣ кардаанд.

Ҳамчунин мақомоти вилоятҳои Суғд ва Хатлон эълом кардаанд, ки ба далели камбуди муаллим ва пизишк, ҷавонони бадахшонии дорои ин ду ҳирфаро истихдом хоҳанд кард.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон яке аз манотиқи дорои мизони болои афроди бекор мебошад, ки дар ҷараёни фаъолияти ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ аз мизони болои афроди бекори дорои таҳсилоти донишгоҳӣ ба унвони мушкили хатарноки иҷтимоӣ ёд шудааст.