Ваъдаи Жириновский барои мақоми вижаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
Раиси Ҳизби либрал-демократи Русия, ки дар раъси як ҳайати парлумонӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, ваъда дод, ки тарҳи қонуни додани мақоми вижа барои шаҳрвандони тоҷик ҳангоми ҳузури онон дар Русияро ироа хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Владимир Жириновский дар боздид аз ноҳияҳои Ҳисор ва Турсунзода ва дидор бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон эълом кард, ки ҳизбаш дар маҷлиси Думои Русия, тарҳи ҷадидеро барои додани мақоми вижа ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ҳузури онон дар Русия, ироо хоҳад кард.
Вай гуфтааст, ки тоҷикон набояд ҳангоми ҳузур дар Русия худро бегона эҳсос кунанд, зеро Русия барои онон ватани дувумашон мебошад, аз ин рӯ, тафовуте намекунад, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар Сибири Русия кор мекунанд ё дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон ва бояд заминаи қонунӣ ва ҳуқуқи ҳузури онон дар Русия ба унвони атбое, ки аз имтиёзоти баробар бо шаҳрвандони Русия бархурдор бошанд, фароҳам гардад.
Вай муддаӣ аст, ки бояд қонуни ҷадиде дар Думои давлатии Русия тасвиб шавад, ки тамғаи коргари муҳоҷирро аз шаҳрвандони Тоҷикистон бардорад ва ин афрод бо шаҳрвандони Русия аз ҳуқуқи яксон бархурдор гарданд.
Аз дидгоҳи раиси Ҳизби либерал-демократ истифода аз мафҳуми афв барои коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия тавҳин ба ин афрод аст ва бояд тавре қонун тасвиб шавад, ки тоҷикон дар Русия худро бегона эҳсос накунанд.