Ноябр 02, 2018 16:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати парлумонии Русия

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо ҳайати парлумонии Русия дар хусуси тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумонии Русия ба раёсати Владимир Жириновский раиси фраксияи Ҳизби либерал-демократи маҷлиси Думаи ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор дар хусуси заминаҳои густариши равобити миёни Тоҷикистон ва Русия ва аз ҷумла ҳамкории миён парлумонҳои ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Жириновский аз сатҳи мавҷуди равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, низомӣ, фаннӣ, илмӣ ва фарҳангии байни ду кишвар ибрози ризоят ва таомулоти Тоҷикистон ва Русия дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалиро мусбат ва дар масири манофеи муштарак тавсиф карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин унвон шуд, ки ба манзури таҳким ва тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба як комиссияи муштарак бо таркибе аз намояндагони Думаи давлатии Русия ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эҷод шавад.

Ҳамчунин ду тараф аз густариши ҳамкориҳо дар заминаи улум ва омӯзиш, аз ҷумла беҳбуди сатҳи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ва ҷалби омӯзгорони русзабон ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои мутахассиси тоҷик дар донишгоҳҳо ва соири муассисоти таҳсилоти олии Русия ҳимоят карданд.