Поёни таниши сиёсӣ: Дурнамои робитаи Тоҷикистон ва мухолифон
Як коршиноси тоҷик дар таҳлили дурнамои амалкарди ҳукумати Тоҷикистон дар иртибот бо мухолифони сиёсиаш ва имкони дастёбии ду тараф ба созишро баррасӣ кардааст.
Ба гузориши сомонаи Cabar.asia, Хурсанд Хуррамов дар ин таҳлил таъкид кардааст, ки пас аз муҳоҷирати теъдоди зиёде аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ба Аврупо, акнун фаъолияти онон аз тариқи роҳандозии бархе сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ густариш ёфтааст.
Вай бо ишора ба идомаи бархе маҳдудиятҳои расонаӣ барои мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон афзуд, ҳанӯз дар давлатмардони тоҷик алоқамандии ҷиддӣ барои гуфтугӯ ва музокира бо мухолифон мушоҳида намешавад ва зоҳиран иддае аз ин мақомот ҳамчунон ҷонибдори сиёсати саркӯб ҳастанд.
Хурсанд Хуррамов таъкид кард, бо ин ҳол ин имкон вуҷуд дорад, ки дар сурати интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, мавзӯи гуфтугӯ бо мухолифон ва ёфтани роҳи ҳалли созиш дар дастури кор қарор бигирад.
Ин коршиноси сиёсӣ афзуд, агарчӣ бештари мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон ва аҳзоби вобаста ба онон дар феҳрасти ашхос ва созмонҳои таҳти пайгарди қазоӣ, қарор гирифтаанд ва иртибот бо онон низ ҷурм маҳсуб мешавад, аммо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар оянда ба далели ташдиди буҳрони иқтисодӣ дар дохили Тоҷикистон, созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз ду тараф бихоҳанд, ки барои поён додан ба танишҳои феълӣ вориди музокироти сиёсӣ шаванд.