Ноябр 05, 2018 11:20 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ ниёз дорад

Олудагии боло ва гаронқиматии сӯхт дар Тоҷикистон истифода аз мошинҳои барқиро дар ин кишвар зарурат мебахшад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, бар асоси омори расмӣ, дар тобистони соли 2017 беш аз 436 ҳазору 500 адад василаи нақлия дар Тоҷикистон тараддуд карда, ки сӯхти бештари онҳо бензин ва солярка будааст. Ҳаракати ин худравҳо ҳамарӯза олудагии фаровонеро дар ин кишвар эҷод мекунад ва мӯҷиби тахриби муҳити зист ва бурузи бемориҳои танаффусӣ дар миёни шаҳрвандони ин кишвар мешавад. Ҳамчунин воридоти солона беш аз як миллион тонна сӯхт ба Тоҷикистон наздик ба 500 миллион доллар ҳазина дорад, ки аз ҷайби шаҳрвандон ва буҷаи давлат таъмин мешавад. Дар ҳоле ки дар ду даҳаи ахир беш аз 70 дарсади худравҳои воридотӣ ба Тоҷикистон мошинҳои дасти дувуми тавлиди Олмон буда, ки танҳо ба далели қимати арзони онҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон истифода шудааст.

Хуршед Қодиров, фаъоли бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бояд ба фикри сохти корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар ин кишвар бошем, то аз ҳазинаи болои сӯхт, олудагии муҳити зист ва бемориҳои танаффусӣ ҷилавгирӣ шавад. Қодиров пешниҳод кард, ки бо истифода аз тавони Ширкати арзизи Тоҷикистон барои солҳои наздик сохти корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар барномаи давлат қарор гирад.