Ноябр 05, 2018 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Душанбе ва Риёз барои муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир

Раиси Созмони мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва вазири корҳои дохилии Арабистон дар Душанбе, дидор ва дар мавриди муборизаи муштарак алайҳи маводи мухаддир ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шерхон Салимзода ва Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф Оли Сауд дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи муборизаи маводи мухаддирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Салимзода вазири корҳои дохилии Арабистони Саудиро бо вазъияти маводи мухаддир ва иқдомоти давлати Тоҷикистон ва дастовардҳои мавҷуд дар ин арса ошно кард.

Дар поёни ин дидор ду тараф тавофуқ карданд, ки барои созмондиҳии муборизаи муассир алайҳи қочоқи маводи мухаддир, ҳамкорӣ кунанд.

Тоҷикистон марзҳои як ҳазору 400 километрӣ бо Афғонистон дорад, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддири ҷаҳон аст.