Ноябр 05, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани ду шаҳрванди Хоруғ дар тирандозии генерали тоҷикистонӣ

Бархе манобеъ аз захмӣ шудани ду сокини шаҳри Хоруғ, маркази вилоят Бадахшон дар пайи тирандозии генерал Иззатуллоҳ Муҳаммадзода, фармондеҳи нирӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, ин сомона бо истинод ба манобеи хеш муддаӣ шудааст, ки ба далели мамнуияти ҳарнавъ таҷаммӯъ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба фармони Ситоди барқарории назм ва амнияти умумӣ, генерал Иззатуллоҳ Муҳаммадзода, фармондеҳи нирӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба сӯи гурӯҳе аз ҷавонон шиллик кардааст, ки бар асари ин иқдом ду сокини ин шаҳр захмӣ шудаанд.

Яке аз захмиёни ин ҳодиса Субҳон Ҳамзалиев, сокини 31 солаи шаҳри Хоруғ, ки аз ноҳияи даст ва по маҷрӯҳ шудааст мегӯяд, ки ин генерал далели шиллик ба сӯи ӯро мамнуияти таҷаммӯъ эълом кардааст.

Дар ҳоле, ки Субҳон Ҳамзалиев мегӯяд, бо волидайни хеш аз меҳмонӣ ба хона меомад ва бо ду ҷавони ҳамсоя дар назди хона машғули салом кардан буд, ки ба сӯи онон шиллик шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ба далели рафтори худсаронаи ин генерали Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз мардуми шаҳри Хоруғ барои роҳандозии тазоҳуроти эътирозӣ даъват хоҳад кард.

Ба гуфтаи Субҳон Ҳамзалиев дар ин тазоҳурот аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мешавад, ки нирӯҳои эъзомӣ аз Душанберо хориҷ кунанд ва ба фаъолияти постгоҳҳои бозрасии эҷод шуда дар дохили шаҳри Хоруғ, поён диҳад.

Фаъолияти Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи 15 сентябр бо ҳадафи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ва поён додан ба ҳаракати худравҳои сиёҳшиша оғоз шуд, ки ҳамчунон давом дорад.