Ноябр 06, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Тоҷикистон аз озодии як тоҷики узви ДИИШ аз зиндони Украина

Мақомоти амниятии Тоҷикистон қувваи қазоияи кишвари Украинаро муттаҳам карданд, ки як шаҳрванди хатарноки Тоҷикистон, узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро озод кардааст.

Ба гузориши  хабаргузории Фарғона, ин мақомот эълом кардаанд, ки Муродалӣ Ҳалимов, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз хатарноктарин аъзои тоҷики гурӯҳи террористии ДИИШ, ки 14 узви хонаводаи хешро ба Сурия бурда буд, аз боздоштгоҳе дар Украина озод шудааст. Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Муродалӣ Ҳалимов модари 66-сола, бародар ва хонаводааш ва теъдоде аз дигар наздикони худро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия мунтақил карда буд, ки бародар ва модараш дар ин кишвари арабӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Гуфта мешавад, ки ин узви гурӯҳи ДИИШ ду сол қабл ҳангоми бозгашт аз Туркия дар Украина ба дархости Пулиси Байналмилалӣ боздошт шуда буд, аммо ахиран, мақомоти Украина бо радди дархости Додситонии кулли Тоҷикистон барои истирдоди Муродалӣ Ҳалимов ба Душанбе ӯро озод кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон эҳтимол медиҳанд, ки тоҷики узви ДИИШ акнун дар қаламрави ҷумҳурии худхондаи Донетск ба сар мебарад.

Мақомоти додгоҳии Украина дар бораи иллати озод кардани ин ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи террористии ДИИШ ҳеҷ тавзеҳе надодаанд.

Бар асоси эъломи мақомоти қазоии Тоҷикистон, беш аз 1140 шаҳрванди ин кишвар ба гурӯҳи террористи ДИИШ пайвастаанд, ки теъдоди зиёде аз онон дар Сурия ва Ироқ кушта ва иддае ҳам боздошту зиндонӣ шудаанд.