Ноябр 10, 2018 10:31 Asia/Dushanbe
  •  Арзёбии ҷадиди Сандуқи Байналмилалии Пул аз авзои иқтисоди Тоҷикистон

Сандуқи Байналмилалии Пул дар гузориши ҷадиди худ эълом кардааст, ки Тоҷикистон аз нигоҳи даромади саронаи ҷамъияти худ дар поёни руйхати кишварҳои камдаромад қарор дорад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сандуқи Байналмилалии Пул таъкид кардааст, ки бо рушди феълии иқтисоди Тоҷикистон, ин кишвар ба 38 сол замон ниёз дорад то ба ҷойгоҳи кишварҳои бо даромади пойин бирасад. Зеро дар ҳоли ҳозир мизони даромади саронаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон дар сол 801 доллар мебошад, ки ин шохис дар кишварҳои камдаромад 2 ҳазору 370 долларро ташкил медиҳад.

Дар гузориши ҷадиди Сандуқи Байналмилалии Пул ба ин нукта ишора шудааст, ки тайи солҳои 2020 то 2023 мизони рушди даромади саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 2, 9 дарсад хоҳад расид.

Аз сӯйи дигар, Сандуқи Байналмилалии Пул болотарин мизони даромади саронаи ҷамъият дар миёни кишварҳои Осиёи Марказиро дар Қазоқистон мушоҳида кардааст, ки 8 ҳазору 762 доллар мебошад.

Ин шохис дар Ӯзбакистон 1 ҳазору 520 доллар ва дар Қирғизистон 1 ҳазору 208 долларо эълом шудааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон муддаиянд, ки рушди солонаи иқтисоди ин кишвар 7 дарсад аст.