Ноябр 11, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Зиндонёни узви ДИИШ бояд дар макони ҷудогона нигаҳдорӣ шаванд

Коршиноси маркази ҳимоят аз дастовардҳои илмии вобаста ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия мӯътақид аст, ки зиндонёни узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар Тоҷикистон бояд аз соири зиндониён ҷудо нигаҳ дошта шаванд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Григорий Трофимчук бо ишора ба шӯриши ахир дар зиндони шаҳри Хуҷанд, ки сабаби кушта шудани 27 нафар ва захмӣ шудани беш аз100 тан шудааст, роҳи ҷилавгирӣ аз ин иттифоқотро дар оянда, ҷудо нигаҳ доштани зиндониёни узви гурӯҳи террористии ДИИШ аз дигар зиндониён унвон кард.

Вай гуфтааст, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон аз оғози ин моҷаро ангушти иттиҳомро ба сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ гирифтанд ва ин гурӯҳ низ бо интишори баёнияе масъулияти ин фоҷиаи хунинро бар уҳда гирифт.

Ин коршиноси рус афзуд, теъдоди зиндониёни ДИИШ ба тадриҷ афзоиш меёбад ва ин афрод дар сурати нигаҳдорӣ дар зиндонҳои маъмулӣ, барои таблиғи афкори хеш ва таҳти таъсир қарор додани дигар зиндониён фаъолият мекунанд.

Аз сӯи дигар расонаҳои хабарии мустақил бо интишори нахустин тасвирҳо аз зиндониёни кушташуда дар зиндони шаҳри Хуҷанд муддаӣ шуданд, ки теъдоди ин афрод ба маротиб бештар аз омори эъломшуда аст.

Аммо нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки то лаҳзаи интишори ин хабар мақомоти Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳеҷ иттилоияи расмӣ дар бораи ҳодисаи хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд мунташир накардаанд.