Меъмории шаҳри Душанбе дар оянда+видео
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39367-Меъмории_шаҳри_Душанбе_дар_оянда_видео
Масъулони меъмории шаҳри Душанбе дар қолаби як видео симои хиёбони Садриддин Айниро дар соли 2020 ба намоиш гузоштанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2018 12:03 Asia/Dushanbe

Масъулони меъмории шаҳри Душанбе дар қолаби як видео симои хиёбони Садриддин Айниро дар соли 2020 ба намоиш гузоштанд.

Дар видеое, ки дар сафҳаи Фейсбуки "Меъмории Душанбе - Архитектура Душанбе" мунташир шуда, тарҳи ин хиёбон ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа ва таъкид шудааст, ки дар муддати ду сол беш аз 50 бинои маскунии баландошёна, марказҳои тиҷорӣ ва хидматрасонӣ дар масоҳати 42 гектар барои беш 25 ҳазор аҳолии шаҳр сохта хоҳад шуд.

Ба муносибати 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 3500 бино ва иншоот ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.